пешвоз — [پيشواز] истиқбол; ба пешвози… ба истиқболи…; пешвоз гирифтан а) ба пеши роҳи касе, ки аз ҷое меояд, баромада ӯро пазироӣ кардан; б) ягон чиз ё ҳодисаро қабул кардан; ба пешвоз рафтан (баромадан) пешвоз гирифтан; пешвоз кардан а) ба истиқболи… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пазира — [پذيره] 1. кит. истиқбол, пешвоз ( и касе); пазира кардан пешвоз гирифтан; пазира шудан а) истиқбол намудан, пешвоз гирифтан; б) рӯ ба рӯ гаштан барои муқобила; муқобил шудан; в) моил шудан; г) пазируфтан; ғ) ба итоат даромадан 2. қабул кардан,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баромадан — [برآمدن] 1. берун шудан, хориҷ гаштан, бадар рафтан; муқоб. даромадан 2. боло шудан, баланд шудан (бо зина, ба бом) 3. тиб. аз ҷо беҷо шудани устухони дасту пой ва ғ. 4. рафтан: ба саёҳат баромадан, ба кӯча баромадан; ба кор баромадан ба кор… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қабул — [قبول] а 1. пазируфтан, гирифтан; таҳвилгирӣ, ахзи чизи супурданӣ: қабули ариза (дархост…), қабули пахта, қабули пилла, комиссияи қабул; қабули донишҷӯй ба донишҷӯӣ пазируфтан 2. пазироӣ, пазириш, рухсатдиҳӣ; истиқбол 3. ба зимма (ӯҳда) гирифтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қадд — I [قد] а 1. дарозии одам, ҳайвон ё растанӣ ба боло, қомат, боло: қади баланд, қади боло, қади дароз, қади дилҷӯ, қади мавзун, қади расо, қади раъно, қаду боло, қаду қомат, қади касе хам гаштан, қади худро хам кардан; ба тариқи истиора: нахли қад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
меҳмоннавозона — [مهمان نوازانه] аз рӯи меҳмоннавозӣ, меҳмондӯстона: муомилаи меҳмоннавозона, меҳмоннавозона истиқбол кардан (пешвоз гирифтан) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
оянда — [آينده] 1. сифати феълии замони ҳозира аз омадан; он ки ва он чи меояд; ояндаву раванда рафту омадкунанда 2. дар пеш истода, он чи воқеъ хоҳад шуд; панҷшанбеи оянда панҷшанбее, ки дар пеш аст, фарзанди оянда фарзанде, ки акнун таваллуд хоҳад ёфт… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пазириш — [پذيرش] қабул, пазируфтан, истиқбол … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пазироӣ — [پذيرائي] қабул, истиқбол, бо эҳтиром пешвоз гирифтан; пазироӣ кардан (намудан) пазируфтан, қабул кардан, меҳмондорӣ кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пазируфтан — [پذيرفتن] 1. қабул кардан, гирифтан 2. ба худ қабул кардан, мақбул доштан (матлаберо, насиҳатеро, суханеро) 3. истиқбол кардан, эҳтиром ( и меҳмон) ро ба ҷо овадан 4. ҷоиз, шумурдан, писандидан 5. кит. аҳд кардан, ӯҳдадор шудан; анҷом пазируфтан… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ